- қисм
- [قسم]а1. ҷузъе аз чизе, порае аз чизе, ҷузъ, ҳисса, пора, бахш2. ҷиҳозе, ки ҷузъи таркибии олоте аз таҷҳизот мебошад; қисмҳои эҳтиётӣ аҷзои таркибии олати техникӣ барои дар вақти шикастан ё корхӯрда шудани аъзои аслӣ иваз кардани онҳо3. тақсимоти идорӣ, ки ба соҳае хос аст, шӯъба: қисми илмӣ, қисми таълимӣ4. ҳ. воҳиди ҷудогонаи низомӣ: қисми беҳдошт, қисми танкӣ; қисми ҳарбӣ воҳиди ҳарбӣ5. ҷузъе аз асари бузург: қисми аввали “Ёддоштҳо”-и С. Айнӣ6. навъ, хел, гуна; соҳати…: дар қисми пеши ин майдон, дар қисми шимолии шаҳр…; як қисм қисме, бархе, баъзе; гурӯҳе: як қисми мусофирон, як қисм заминҳои фалонӣ; қисм-қисм ҷузъ-ҷузъ, ба қисмҳо ҷудо карда (баркашидан, гузаронидан); қисми бадеӣ консерт дар охири маҷлисҳои тантанавӣ
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.